Курдистон ҳамапурсии истиқлол аз Ироқро баргузор мекунад

© AP / Hassan AmmarМужчина держит девочку вместе с Курдским флагом, архивное фото
Мужчина держит девочку вместе с Курдским флагом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар иқлими Курдистон ҳамапурсии ҷудоӣ аз Ироқ баргузор мешавад, ҳарчанд Бағдод ва дигар кишварҳо шадидан бо он мухолиф ҳастанд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар ҳамапурсии истиқлоли Курдистон аз Ироқ, ки имрӯз баргузор мешавад, 5,3 милюн раъйдиҳанда ширкат хоҳад кард.

Военные с флагом Курдистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрону Ироқу Туркия аз Курдистон хостаанд аз истиқлол даст кашад

Аз соати 8 бомдоди имрӯз ҳамапурсии ҷудоии Курдистон аз Ироқ расман оғоз шуд. Ба гузориши Кумисюни олии интихоботи Курдистон, барои баргузории ин ҳамапурсӣ 6 ҳазор масъул, 6864 маркази раъйгирӣ ва 1737 кумисюн омода шудааст. Барои курдҳое, ки берун аз ин минтақаи курднишини Ироқ зиндагӣ доранд, як вебгоҳ барои раъйгирии бархатт (он-лайн) дар назар гирифта шудааст.

Ироқ, Эрон, Туркия ва бархе дигар аз кишварҳо бо ин ҳамапурсӣ мухолиф ҳастанд. Давлати Ироқ хоста, ки ҳама гузаргоҳҳои марзии Курдистонро зери назари худ бигирад ва аз дигар кишварҳо дархост карда, ки аз хариду фурӯши нафт бо ин минтақаи ҷудоихоҳ худдорӣ кунанд ва муомилоти нафтиро танҳо бо Бағдод анҷом диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0