Боздошти "милиса" ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ дар Душанбе

© SputnikМашина милиции в Душанбе, архивное фото
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як сокини шаҳри Душанбе худро милиса муаррифӣ карда, аз занон пул гирифтааст

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш аз ин бо моддаи 247 Кодекси ҷиноӣ зиндонӣ шудааст, ҳамчун муттаҳам дар тамаъҷӯӣ дастгир шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, ин мард худро корманди милиса муаррифӣ намуда, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз шаҳрвандон пул ситонидааст.

Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти ноболиғони Душанбе бо иттиҳоми дуздии алкул аз тарабхона

Ӯ рӯзи 5-уми сентябр дар назди хонааш зани 40-солаеро боз истондаву худро корманди милиса вонамуд карда бо таҳдиду дашному туҳмат, ки гӯё он зан манзилашро ба фоҳишахона табдил додааст, аз ӯ 700 сомонӣ тамаъҷӯӣ карда ситондааст.

Ин муттаҳам ҳамчунин бо ҳамин роҳ аз як зани 23-сола 800 сомонӣ ва аз зани 29-солае низ 1000 сомонӣ ситондааст.

Гуфта мешавад, ки ҳамакнун ин мард дар боздоштгоҳи пешакӣ қарор дошта, барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз шуда ва бозҷуст идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0