Швейсария ҳавояшро ба дигар кишварҳо мефурӯшад

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкАльпы, архивное фото
Альпы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қуттие пур аз ҳаво бо даҳана барои 120 маротиба нафас кашидан 21 дулор нахр дорад

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Швейсария ҳавои худро барои дигар кишварҳои хориҷ ба фурӯш баровард.

Дар ин бора дар торномаи Swiss Alpin Air хабар дода шудааст.

Корофаринони зирак пешниҳод доранд, ҳавои шаҳрҳои саноатиро ба ин тариқ тоза кунанд.

"Мо панир ва шоколади Швейсарияро аллакай ба дигар мамолики ҷаҳон интиқол медиҳем. Пас чаро ҳавои тозаро интиқол надиҳем? Ин боду ҳавои беҳтарин дар ҷаҳон аст", — мегӯянд муаллифони истеҳсолот.

Ҳавои алпӣ дар дохили қуттии махсусе бо ҳаҷми ҳафт литр фурӯхта мешавад. Ҳамроҳи он даҳанаи нафаскашӣ ҳам мавҷуд аст. Чунин таҷҳизоти ҳафтлитра бояд барои 120 бор нафас кашидан басандагӣ кунад. Ин моли ғайриоддӣ 21 дулор нарх дорад. Барои онҳое, ки омодаанд се ё шаш қуттӣ ҳаво харидорӣ кунанд, тахфиф пешниҳод мешавад.

Ёдовар мешавем, ки вазири умури хориҷаи Швейсария Диде Буркхалтер кӯҳҳои Тоҷикистонро бо кӯҳҳои Алпи Швейтсария муқоиса кард. Ӯ ҳангоми шиносоӣ бо ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи ЭКСПО-2017 дар Остона ба чунин хулоса омад.

Лентаи хабарҳо
0