Барканории мансабдорон: ба амниятиҳо натиҷаи нақзи қонуни танзимро фаҳмониданд

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТҶаласа дар ВКД
Ҷаласа дар ВКД - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар машварате, ки бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ оиди исллоҳи қонуни танзим гузаронида шуд, ёдоварӣ карданд, ки дар сурати вайрон кардани қоуни танзим мансабдорон аз вазифа барканор карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik.  Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, рӯзи 21-уми сентябр, дар толори Маркази таълимии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, семинар-машварат оид ба тағйиру илова ба қонуни танзим доир гардид.

Дар ин машварат роҳбарияти СХДО ва кормандони масъулу раисони созмонҳои ҷамъиятии хадамоти давлатии оташнишонӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Нигинамоҳ Ризоева, кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Акрам Элмуродов ва капитани милитсия Некрўз Шомирзоев ширкат кардаанд.

Посещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Асрорӣ: ягон ҷашн, ойин ва маросим қонунан манъ нашудааст

Сардори СХДО Нозимҷон Иброҳимзода ҳангоми суханронӣ гуфтааст, ки  қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"  аз ҷумлаи қонунҳои умумимиллие мебошад, ки дар қабул ва тағйиру иловаҳо ба он таклифу пешниҳодҳои шаҳрвандон пурра ба назар гирифта шудааст, ки назири чунин қонун дар таҷрибаи қонунгузории дигар давлатҳо ҷой надорад.

Ба иттилоъи манбаъ, намояндаи Кумитаи дин Нигинамоҳ Ризоева ҳам гуфтааст, ки лоиҳаҳои пешниҳодгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд.

"Ба он як қатор меъёрҳои наве ворид гардидаанд, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастархони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ", — гуфтааст вай.

Акрам Элмуродов ва Некрӯз Шомирзоев тағйиру иловаҳои воридгардидаро ба моддаҳои 10, 11 ва 14-и Қонуни мазкур муфассал шарҳ доданд.

Ҳамчунин дар рафти семинар-машварат қайд карда шуд, ки тибқи таҳлилҳо аксари мардум бар он ақидаанд, ки талаботи қонуни мазкурро бештар шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, сарватмандон, соҳибкорон ва ходимони дин вайрон мекунанд.

"Бо назардошти ин ҳолат мувофиқи меъёри нави қонун, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, дигар шахсони мансабдори давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура, амният, корҳои дохилӣ, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз, гумрук ва хизматчиёни ҳарбӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби онҳо ва фарзандонашон мутобиқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод карда мешаванд", — омадааст дар хабарнома.

Бархе аз таҳлилгарону коршиносон аз ислоҳи қонуни танзим ҷонибдорӣ карда, онро далели аз қарзҳо халос шудани мардуми тоҷик медонанд. Тоҳир Қаландаров коршиноси Фарҳангистони Русия гуфта буд, ки ин қонун мардумро аз қарз озод мекунад.

Лентаи хабарҳо
0