Ифтихорномаи Арабистон ба Кумитаи дини ҶТ: ҳаҷро дар сатҳи зарурӣ ташкил кардед

© SputnikПаломники из Таджикистана отправляются в хадж
Паломники из Таджикистана отправляются в хадж - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арабистони Саудӣ барои дар сатҳи зарурӣ ташкил кардани маросимоти ҳаҷҷ барои зоирини тоҷик ба Кумитаи дини Тоҷикистон ифтихорнома тақдим кардааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik.  Ба гузориши равобити умумии ин ниҳод, ифтихорномаро як масъули Вазорати Ҳаҷи Арабисто ба сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин Абдуғаффор Юсуфов тақдим кардааст.

"Рӯзи 21-уми сентябр Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ барои дар сатҳи лозима ба роҳ мондани корҳои ташкилӣ ва таъмини ҳамаҷонибаи хизматрасониҳо ба ҳоҷиёни тоҷик ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ифтихорнома тақдим намуд", — омадаас дар хабарнома.

© Фото : Аз равобити умумии Кумитаи дини ҶТТақдими ифтихорнома ба Кумитаи дини Тоҷикистон
Тақдими ифтихорнома ба Кумитаи дини Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Тақдими ифтихорнома ба Кумитаи дини Тоҷикистон

Ифтихорномаи аз сӯи як мақоми ин вазорат ба сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита Абдуғаффор Юсуфов тақдим гашт.

Ёдоварӣ мекунем, ки имсол ба зиёрати хонаи Худо аз Тоҷикистон 6,3 ҳазор кас равон шуд. Ҳоло ҷараёни бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба ватан баъди адои маносики ҳаҷ идома дорад. Нахустин гурӯҳи зоирини тоҷик рӯзи 11 сентябр ба Душанбе расиданд.

Мутаассифона яке аз зоирини тоҷик — Домуллоҷон Ҷабборов  сокини шаҳри Хуҷанд, вакили собиқи парлумони Тоҷикистон ва корманди собиқи Ҳукумати шаҳри Хуҷанд, ки  64-сол дошт, дар Макка даргузашт.

Дар баробари ин ҳоҷиёни тоҷик шикоят карда буданд ки дар Арафот ва Мино зоирон шабҳангом бе ҷои хоб монанд.

Лентаи хабарҳо
0