ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ ҶТ, ин дидор рӯзи 22 сентябр дар ҳошияи иҷлоси 72-юми Маҷмаи Умумии СММ баргузор шудааст.
Ба иттилоъи манбаъ, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин тарафҳо дар бораи Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки 16 октябри 2017 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор мегардад, суҳбат кардаанд.