ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров муътақид аст, ки Амрико ба Куреи Шимолӣ ҳамла намекунад.
"Амрико ба Куреи Шимолӣ барои он ҳуҷум намекунад, ки аниқ аз доштани бомби атомии онҳо бохабар аст", — гуфт Сергей Лавров дар барномаи "Хулосаҳои ҳафта" дар шабакаи НТВ.
Ба гуфти раҳбари Вазорати хориҷаи Русия, Амрико танҳо ба кишварҳое ҳуҷум мекунад, ки қодири ҷавобгардонӣ ва бомби атомӣ надоранд. Фақат хабари садфоиза дар бораи бомби атомии Куреи Шимоль амрикоиҳоро аз ҳуҷум бозмедорад.
Лавров бо мисоли Ироқ фаҳмонд, ки Амрико медонист, ки Ироқ бомби атомӣ надоад ва наметавонад ба Амрико ҷавоб гардонад. Дар муносибат бо Куреи Шимолӣ чунин боварӣ нест.
Дар Амрико муътақиданд, ки Пхенян бомби атомӣ дорад ва бо ин бовар қариб ҳамагӣ розӣ ҳастанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Куреи Шимолӣ мушаки навро озмоиш кард.