ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, рӯзи 21-уми сентябр дар варзишгоҳи "Спитамен"-и ВКД мусобиқаи кушоди варзишӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ баргузор шудааст.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба вазнбардорӣ 35 нафар варзишгар аз рӯи вазнҳои 70, 80, 90 ва зиёда аз 90 килограмм қувваозмоӣ карданд.
Дар вазни 70 кг корманди Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ализода Сангалӣ, бо 69 маротиба бардоштани санги варзишӣ дар ҷойи аввал, корманди Вазорати дифоъ Гулаҳмадов Маҳмадулло бо 52 маротиба бардоштани санги варзишӣ ҷойи дуюм ва Маҳмадёров Маҳмадёр аз Кумитаи давлатии амният бо 47 маротиба бардоштани санги варзишӣ ҷойи сеюмро гирифтанд.
Дар вазни 80 кг бошад, корманди КДАМ Домуллоев Парвиз бо 94 маротиба бардоштани санг дар ҷойи аввал қарор гирифта, зинаи дуюмро намояндаи Гвардияи миллӣ Назаров Файзиддин бо бардоштани 91 маротиба санги варзишӣ ба даст овард, ҷойи сеюм насиби корманди ВКД Табаров Неъматулло бо бардоштани 82 маротиба санги варзишӣ гардид.
Дар вазни 90 кг бошад ҷойи аввалро Шарофиддини Шамсулло аз Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД бо 125 маротиба бардоштани санги варзишӣ ишғол карда, ҷойи дуюмро Давлатзода Солеҳ бо 103 маротиба ва ҷойи сеюмро намояндаи Гвардияи миллӣ Гулов Фатҳиддин бо 101 маротиба бардоштани санги варзишӣ ба даст овард.
Дар вазни ҷамъи 90 кг Алиқулов Алиҷон аз ВКД бо 82 маротиба бардоштани санги варзишӣ ҷойи аввалро ишғол намуд. Ҷойи дуюмро Сафаров Зафарбек аз КДАМ бо 80 маротиба бардоштани санги варзишӣ соҳиб гардид.
"Дар байни сохторҳои қударатии кишвар аз ин намуди бардоштани санги варзишӣ ҷойи аввалро дастаи ВКД соҳиб гардида, ҷойи дуюм ба дастаи КДАМ муносиб дониста шуд, зинаи сеюмро дастаи Гвардияи миллӣ ишғол кард", — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, ки мусобиқаҳои кушоди варзишӣ аз намудҳои волейбол, дастхобонӣ, бандкашӣ, варзиши сабук, гӯштини тарзи Дзю-до, шиноварӣ, тениси рӯи миз, шашка ва шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон таҳти шиори "Ҷавонон ояндаи давлату миллат" тӯли як моҳ идома меёбанд.