Дипломатҳои тоҷик нақши занонро дар риояи қонуни танзим баррасӣ карданд

Обуна шудан
Дипломатҳои тоҷик риоя ва татбиқи қонунро "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби худ ва аҳли оилаҳояшон вазифаи шаҳрвандии худ номиданд

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ ҶТ, рӯзи 21 сентябр дар ин ниҳод оид ба ислоҳи қонуни танзим ҷаласа баргузор  гардидааст.

Ба иттилоъи манбаъ дар ин дидор ҳамчунин мутахассисон аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва Кумитаи кор бо занон ва оила ширкат кардаанд.

Иштирокдорони ҷаласа оид ба моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим аз ҷумла дар бораи чораҳои пешгирӣ ва ҷазои қонунвайронкуниҳо изҳори назар карда, оид ба бандҳои нави қонун, аз қабили ваколатҳои комиссияҳои ҷамъиятӣ, тартиби баргузории ҷашнҳо ва маросимҳои дафну азодорӣ, танзими хизматрасонии онҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, ки аз бобҳои Қонуни мазкур бармеоянд, ҷонибдории комили худро баён намуданд.

Посещение Вахдата президентом РТ Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Асрорӣ: ягон ҷашн, ойин ва маросим қонунан манъ нашудааст

Ҳамзамон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" василаи муассири  паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии иқтисодии мардуми Тоҷикистон  арзёбӣ гардид.

Дар ҷаласа зарурати ҳифзи фарҳанги миллӣ ва нақши занҳо дар риояи Қонуни мазкур  мавриди таъкид қарор гирифта,  қайд гардид, ки бо қабули Қонуни мазкур танзими анъана ва баргузории маросимҳои миллию динӣ  ба манфиати  мардум ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хидмат хоҳанд кард.

Дар фарҷоми ҷаласа дипломатҳои тоҷик риоя ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро аз ҷониби худ ва аҳли оилаҳояшон  вазифаи шаҳрвандии худ номиданд.

Лентаи хабарҳо
0