Назарзода хостори ҳузури 5 корманди Ожонси мубориза бо фасод дар додгоҳ шудааст

© Сомонаи Сайфиддин НазарзодаМудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода
Мудири Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Идомаи баррасии шикояти Назарзода - раиси собиқи Китобхонаи Миллӣ дар додгоҳ

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Сайфиддин Назарзода  хостори ҳузури 5 корманди Ожонси мубориза бо фасод дар додгоҳ шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Порс тудэй" иттилоъ медиҳад.

Бинобар иттилои манбаъ, дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасии шикояти Сайфиддин Назарзода, раиси барканоршудаи Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, ки муттаҳам ба нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷашни арӯсии писараш мебошад, идома дорад.

Назарзода қаблан бо эътироз ба ҳукми барканории хеш аз симмати раёсати Китобхонаи Миллии Тоҷикистон пахши гузорише аз шеваи баргузории ҷашни арӯсии писараш аз телевизиони давлатии Тоҷикистонро кори дасти бадхоҳон унвон кардаву муддаӣ шуда буд, ки қонуни танзими маросимро нақз накардааст.

Аммо ошпази палови ҷашни арӯсии писари Сайфиддин Назарзода шаҳодат додааст, ки барои 400 меҳмон биринҷ пухтааст, ки боз ҳам кофӣ набуд. Ҳол он ки бояд бар асоси Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим теъдоди меҳмонон набояд аз150 нафар бештар бошад.

Кормандони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон, ки алайҳи Назарзода ба иттиҳоми нақзи ин қонун шикоят кардаанд, мегӯянд, ки дар ҷашни арӯсии писари раиси пешини Китобхонаи Миллии Тоҷикистон 300 меҳмон ҳузур дошт.

Назарзода хостори ҳузури 5 корманди Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дар додгоҳ шудааст, ки бидуни даъват дар маросими арӯсии писараш иқдом ба тасвирбардорӣ кардаанд ва баъдан ин гузориш аз телевизиони давлатӣ барои муттаҳам намудани вай ба нақзи қонуни танзими маросим пахш гардидааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Танзим: раисҷумҳур аз ин пас мансабдорони қонуншиканро аз симаташон барканор мекунад

Вай муддаӣ аст, ки ин афрод амдан ба ҳадафи зиёд нишон додани теъдоди меҳмонон дар ҷашни арӯсии писараш аз бархе даъватшудагон тасвири такрорӣ таҳия кардаанд, ки баъдан ин саҳнаҳоро ба унвони ҳузури беш аз андозаи меҳмонон ба намоиш гузоранд.

Сайфиддин Назарзода, раиси Китобхонаи Миллии Тоҷикистон дар авоили моҳи август ба далели нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим аз сўйи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин симмат барканор шуд, ки муддаӣ аст ин иқдом ғайримунсифона мебошад.

Лентаи хабарҳо
0