ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Душанбе бо ташаббуси Кумитаи занон ва умури хонаводаи Тоҷикистон мулоқот бо раисони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт баргузор шуд.
Бино бар иттилои Кумитаи занон, мақсад аз баргузории ин вохӯрӣ ба амал татбиқ додани қонуни танзим ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ- аз ҷумла забон ва либоси миллӣ буд.
Дар ин мулоқот муовини кумита аз раисони маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт даъват кард, ки дар тарғиби либосу фарҳанги миллӣ бо кумита ҳамкорӣ кунанд.
"Зикр гардид, ки агар ҷомеа нисбати бегонапарастӣ сарҷамъона корбарӣ кунад, ҳалли дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа ба осонӣ ба даст меояд",- гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Чанде пеш Кумитаи умури занон ва хонавода ширкатҳои мобилиро даъват кардааст, ки бо фиристодани паёмакҳо занонро ба пӯшидани либоси миллӣ даъват кунанд.
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон аз кумита мактубҳоеро дарёт кардаанд, ки дар он аз онҳо даъват шудааст ба муштариёнашон паёмакҳои зерро ирсол кунанд:
"Пӯшоки миллиро арҷ бигзоред", "Биёед расму русуми миллиро рия кунем", "Пӯшидани либоси миллӣ ҳатмист!"
Як қатор ширкатҳои мобилӣ тасдиқ кардаанд, ки дар ҳақиқат аз кумита чунин мактубро дастрас кардаанд.