Баъди заминларза дар Мексика ҳудуди 200 тан бе ному нишон гум шуданд

© AFP 2023 / Pedro PARDOЗемлетрясение в Мексике
Землетрясение в Мексике - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пуэнте ба рӯзноманигорон гуфт, ки иттилоъ дар бораи ҳудуди 200 тани гумшуда вуҷуд дорад, ки дар ҷустуҷӯи сомонаи Locatel таъйид шуд. Ба гуфтаи вай дар натиҷаи заминларза дар Мехико 44 манзилгоҳ вайрон шудааст

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik.Баъди заминларзаи шадид дар Мексика ҳудуди 200 тан беному нишон гум шуданд.

Бино ба иттилоъи расонаҳо Луис Фелипе Пуэнте, ҳамоҳангсози миллии нерӯҳои дифоъи мадании Мексика рӯзи 21 сентябр дар ин бора хабар дод.

Пуэнте ба рӯзноманигорон гуфт, ки иттилоъ дар бораи ҳудуди 200 тани гумшуда вуҷуд дорад, ки дар ҷустуҷӯи сомонаи Locatel таъйид шуд. Ба гуфтаи вай дар натиҷаи заминларза дар Мехико 44 манзилгоҳ вайрон шудааст.

Чанде пеш шумори манзилгоҳҳои харобшударо 38-то бозтоб дода буданд.

Пуэнте аз шаҳрвандон даъват кард, ки ҳушёр бошанд, зеро баъид нест, ки чанд сохтмони дигар низ ба далели таконҳои зеризаминӣ хароб шаванд. Луис Видегарай, вазири умури хориҷаи Мексика чанде қабл гуфта буд, ки шумори қурбониён аз 273 тан болотар рафтааст. Заминларза ба шиддати 7,1 дараҷа рӯзи 19 сентябр дар ин кишвар рух дод.

Лентаи хабарҳо
0