Сарвазир талаб кард, ки донишҷӯёнро аз пахтачинӣ бар гардонанд

© AP / MIKHAIL METZEL Сбор хлопка, архивное фото
Сбор хлопка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов талаб кардааст, ки қарори протоколии Девони вазирони ҶУ дар бораи манъи ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ва пизишкон ба пахтачинӣ иҷро гардад

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба гузориши расонаи интернетии gazeta.uz, нахуствазири Узбакистон Абдулло Орипов аз ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳову ширкатҳо талаб кардааст, ки қарори Ҳукуматро дар бораи манъи ҷалби омӯзгорону пизишкон ва донишҷӯён ба пахтачинӣ иҷро кунанд.

Ҳарсола дар Узбакистон камобеш 3,5 милюн тон пахта чида ва 1 — 1,2 тон нахи панба тавлид мешавад. Аз ин миқдор нах камубеш 50 дарсад ба хориҷа содир мешавад. Замони ҷамъоварии пахта дар он кишвар моҳҳои сентябр — октябр аст. Расонаҳо ва мудофеъони ҳуқуқи башар ҳамвора аз ҷалби омӯзгорону пизишкон ба ҷамъоварии пахта гузориш медиҳанд.

Ҷамъоварии пахта. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пахта, пахта, ҷон пахта... ё чигуна “тиллои сафед” кӯдакони тоҷикро заҳролуд мекард

"Бисту якуми сентябр дар маҷлисе, ки мавзуъи ҷамъоварии пахта баррасӣ мешуд, Абдулло Орипов талаб кард, ки қарори Девони вазирон аз 8-уми август иҷро гардад", — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Бино ба додаҳои ин манбаъ, раҳбарони ноҳияҳо ва ниҳодҳои давлатӣ ҳушдор гирифтаанд, ки дар сурати иҷро накардани ин муқаррарот ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

"Дастур дода шудааст, ки омӯзгорон, пизишкон ва донишҷӯёнро аз пахтазорҳо пас гардонанд… Донишҷӯён гуфтаанд, ки водор шудаанд забонхат бинависанд, ки гӯё довталабона пахтачинӣ рафтаанд", — хабар медиҳад ин расона.

Ҳукумати Узбакистон дар авоили моҳи август ҷалби навҷавонон, омӯзгорон, пизишкон ва коргарону кормандони бунгоҳҳои тавлидӣ ба пахтачиниро манъ карда буд. Бар асоси қонунгузории ин кишвар, донишомӯзоне, ки синнашон ба 16 расидааст, метавонанд довталабона ва дар замони озод аз таҳсил падару модарон ва хешовандонашонро дар ҷамъоварии пахта ёрӣ диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0