"Made in Tajikistan": се медали ширкатҳои тавлидии ҶТ дар намоишгоҳи Маскав

Обуна шудан
Ширкатҳои тавлидии Тоҷикистон дар намоишгоҳи 26-уми байнулмилалии "World Food Moscow-2017", ки дар пойтахти Русия баргузор шуд, соҳиби ду медали тилло ва нуқра гардиданд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар намоишгоҳи 26-уми байналмилалии хӯроквории "World Food Moscow-2017" Тоҷикистонро ҳафт ширкати тавлидии Суғд ширкат мекунанд.

"World Food Moscow-2017" дар доираи тарҳи Барномаи рушди СММ оид ба "Пешбурди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби Финляндия маблағгузорӣ мегардад, дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гузаронида шуд.

"Дар бахши "Бастубанд ва беҳтарин сифат" миёни 900 иштирокчӣ аз 16 кишвари ҷаҳон оби маъдании "Ҳавотоғ —1 Докторская" ва оби "Шаффоф" бо медали тилло ва дар номгӯи "Беҳтарин маҳсулоти сол оид ба сифат ва ороиши аслӣ" зарфи шишагини нӯшокии "Лимонад" ва оби "Шаффоф"-и ширкати "Euro Asia 2005" соҳиби медали нуқра гардиданд", — омадааст дар хабарнома.

Дар намоишгоҳи 26-уми байналмилалии хӯроквории "World Food Moscow-2017" Тоҷикистонро 7 ширкатҳои тавлидии Суғд — "Абрикос ва К", "Уруосиё 2005", "Оро Исфара",  "Водии меваҳо",  "Меваи тиллоӣ",  "Экофрукт" ва "Висоли Исфара" намояндагӣ карда, маҳсулоти тавлидотии худро бо тамғаи "Made in Tajikistan" ба намоиш гузоштанд.

Лентаи хабарҳо
0