ВУД навори ду писари падаркушро мунташир кард

© SputnikПрограмма "Сипар" МВД на телеканале Точикистон об убийстве двух отцов со стороны сыновей
Программа Сипар МВД на телеканале Точикистон об убийстве двух отцов со стороны сыновей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз шарҳи ВУД ҶТ бар меояд, ки далели рух додани ҳар ду ҳодиса ҳам, бадмастӣ аст. Дар як ҳодиса падар маст буд, дар ҳодисаи дигар писар майхора

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар барномаи "Сипар" қазияи куштори ду падарро аз ҷониби писарон шарҳ дод ва нишондодҳои гумонбарони ин ҳодисаро мунташир кард.

Пештар дафтари матбуотии ВУД ҶТ аз ин ҳодиса хабар дода буд.

Чунончӣ, дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд писаре ҳангоми мастии падар пас аз ҷанҷолу хархаша вайро ба қатл расонидааст.

Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда Некбахт Назруллоев, соли тавалуди 1992 ҳангоми мастии падар бо вай хархаша мекунад ва якчанд бор ба сару гардани падар мезанад. Ӯ мегӯяд пеш аз ин ҳам ду бор падарро зада буд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров писари майзада падарашро ба қатл расонидааст. Гумонбаршуда Зариф Ҷумъаеви 42 сола дар ҳолати мастӣ падарро куштааст.

Бино бар иттилои манбаъ, аз насиҳатҳои падар ба хашм омада, вайро ба қатл мерасонад.

Ин мард дар гувоҳиҳояш ба милиса мегӯяд, падараш доим насиҳат мекардааст, ки майхорагӣ накарда, аз паси тарбияи фарзандонаш гардад.

Лентаи хабарҳо
0