ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар ин бозӣ, ки дирӯз дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд, Эмомалӣ Аҳмадхон ва Ислом Зоиров ду гол ба дарвозаи дастаи Сурия зада ва дастаи Тоҷикистонро ба пирӯзӣ расондаанд.
Бино ба гузориши равобити умумии Федеросюни футболи Тоҷикистон, дар бозии дигари ин гурӯҳ футболбозони навраси Уммон бо ҳисоби 8:0 бар дастаи Малдив пирӯз шудаанд.
Дар даври дувум, ки 22 сентябр баргузор мешавад, наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Малдив ва дастаи Сурия бо Уммон рақобат хоҳанд кард.
Даври ниҳоии Қаҳрамонии наврасони Осиё-2018 аз 25 сентябр то 7 октябри соли 2018 дар Малайзия баргузор хоҳад шуд.