Корбари фаъоли шабакаи Фейсбук ва яке аз пуштибонони ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Каримҷон Ёров наворе аз яке аз муҳоҷирони латукӯбшуда дар бозори "Москва"-ро мунташир кард.
Дирӯз бархе аз расонаҳои Русия хабар доданд, ки кормандони ВУД Русия шаби 20-уми сентябр дар бозори "Москва" дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав камобеш 100 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд.
Муҳоҷирони тоҷик дар инҷо ҷамъ шуда, аз мудирияти бозор талаб кардаанд, ки нигаҳбонҳоеро, ки чанд тан аз коргарони тоҷики ин бозорро лату кӯб кардаанд, ба додгоҳ бикашанд.
Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷирони тоҷик, ки дар бозор аробакашӣ мекардаанд, бору колоҳоро аз як роста ба дигар роста бурда, ки хашми нигаҳбононро бар ангехтааст.