ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Намояндаи Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия хабари кушта шудани муҳоҷири тоҷик аз дасти посбонҳои бозори "Москва" дар пойтахти Русияро таъйид накард.
Иброҳим Аҳмадов ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, хабари кушта шудани Наврӯз Каримовро таъйид намекунад ва то ҷое, ки медонад, ин шаҳрванди ҶТ ҳамакнун дар шуъбаи эҳёи бемористон бистарӣ аст ва феълан ҳолаш беҳтар шудааст.
Вай гуфт, аз дирӯз боз бо намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин қазияро пайгирӣ доранд ва ба он бозор ҳам рафтаву пурсуҷӯ кардаанд.
"Мо ин хабарро бо Сафорати Тоҷикистон дар Русия баррасӣ дорем ва пас аз равшан шудани ҳама паҳлӯҳояш гузориш медиҳем", — афзуд вай.
Дирӯз бархе аз расонаҳои Русия хабар доданд, ки кормандони ВУД Русия шаби 20-уми сентябр дар бозори "Москва" дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав камобеш 100 муҳоҷири тоҷикро дастгир кардаанд.
Муҳоҷирони тоҷик дар инҷо ҷамъ шуда, аз мудирияти бозор талаб кардаанд, ки нигаҳбонҳоеро, ки Наврӯз Каримовро лату кӯб кардаанд, ба додгоҳ бикашанд.
Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷири тоҷик, ки дар бозор аробакашӣ мекарда, бе иҷозаи нигаҳбонон бору колоҳоро аз як роста ба дигар роста бурда, ки хашми нигаҳбононро бар ангехтааст.