ВУД: марди ҳисорӣ ҳамсари бародарашро 4 бор корд зад

© Sputnik / Mish SukharevНож, архивное фото
Нож, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мард дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари бародараш хархаша мекунад. Вай бо истифода аз корди дар дасташ буда, 4 бор ба аъзои бадани зан корд мезанад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки марде дар ноҳияи Ҳисор ҳамсари бародарашро корд зад.

Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳам — марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур, рӯзи 20-уми сентябр дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматиашон омада, бо ҳамсари бародараш ҷанҷол мекунад.

ВУД мегӯяд, бо ин далел мард бо корди дар дасташ буда, 4 бор ба аъзои бадани зан корд мезанад.

Ҳоло ҷабрдида- зани 24 сола дар бемористони ноҳия бистарӣ шудааст.

Аз рӯйи ҳодиса мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0