Эмомалӣ Раҳмон Ҷастин Трюдоро ба Тоҷикистон даъват кард

Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон аз сарвазири Канада даъват кард, ки дар фурсати барояш муносиб аз Тоҷикистон дидан кунад

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бино бар гузориши дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқоти кард.

Имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Канада 25 сол сипарӣ мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ,  Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки чониби Тоҷикистон кумакҳои Канадаро ба сохторҳои қудратӣ, таҳкими марз бо Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии фаъолияти Коллеҷи марзбонии САҲА дар Тоҷикистон, ширкати коршиносони кишвари Канада дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон ва Афғонистон  арзёбӣ менамояд.

"Барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, амнияту бехатарӣ ва идоракунии сарҳад фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд",- қайд мекунад дафтари матбуот.

Выступление президента Таджикистана Эмомали Рахмона в рамках 72-й сессии Генеральной ассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ

Дар робита ба хатару чолишҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳарду ҷониб зарурияти тақвияти ҳамгироиҳои байнидавлатиро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъкид намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид кунад.

Лентаи хабарҳо
0