Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗавод по переработке меди и алюминия, архивное фото
Завод по переработке меди и алюминия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми 8 моҳи соли 2017 дар соҳаи саноати вилоят нишондиҳандаҳои баландтарини макроиқтисодӣ таъмин карда шуд

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд, гузориш медиҳад маркази матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, ба иттилои Озифхон Шарифзода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ба таъсири манфии омилҳои беруна нигоҳ накарда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 млрд сомонӣ зиёд буда, бо нархҳои амалкунанда ба 147,8 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо ба 133,8 фоиз баробар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0