ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Кумитаи ҷавонон ва варзиш, айни замон тарҳи фармоиш омода аст ва дар сурати тасдиқи он, якчанд навъи муҳорибаҳои ҷангӣ манъ карда мешаванд.
"Кумита қатъи баргузории мусобиқаҳо оид ба бокси касбӣ, разми омехта, зӯрозмоиҳои универсалӣ, ҷанги дастӣ, панкратион, кикбоксинг (К-1), греплинг, нюфулконтакт ва муқовимати кулл ва касбии ҷанги дастиро пешниҳод кардааст", — омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки санади мазкур бо назардошти пешгирии зӯроварӣ ва роҳ надодан ба паст кардани шаъну эътибор ва таҳқири шахс дар соҳаи варзиш омода гардидааст.
Минбаъд пас аз қонунӣ шудани ин санад таъсиси гурӯҳҳо аз рӯи ин намуди варзишҳо дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ қатъ мегарданд.
Дар ин росто Кумита аз масъулини соҳа ва варзишгарон дархост кардааст, ки вобаста ба тарҳи фармоиши мазкур то 30 сентябри соли равон таклифу пешниҳодҳои худро расман ба унвонии Кумита пешниҳод намоянд.