ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ҷануби кишвар — ноҳияи Панҷ як қочоқчии маводи мухаддир- шаҳрванди Афғонистон нобуд карда шуд.
Бино бар итилои манбаъ, Гулаҳмад валади Сабзагул- узви гурӯҳи қочоқчиёни мухаддирот ҳангоми кӯшиши ғайриқонунӣ барои убур аз марзи Тоҷикистон нобуд карда шуд.
Дар ҷойи ҳодиса туфанги Калашников, норинҷаки дастӣ ва 71 килу ҳашиш ёфт ва мусодира гардид.
Дар ин маврид парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.