Саидқул Билол, Афзалшо Шодӣ ва Фотима Машрабова ҳунари тоҷикиро дар Тошканд намоиш медиҳанд

© Sputnik / Максим БарановАвзалшо Шодиев выступает на торжественном приеме в честь 25-летия Независимости Республики Таджикистан в отеле Ритц-Карлтон
Авзалшо Шодиев выступает на торжественном приеме в честь 25-летия Независимости Республики Таджикистан в отеле Ритц-Карлтон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбакистон маълум шуданд. Дар барномаҳои консертӣ дар шаҳри Тошканд Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова ба ғайраҳо ҳунарнамоӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбакистон муайян шуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, Тоҷикистон фарҳангашро дар ҳамсоякишвар аз 10 то 14 октябри соли равон намоиш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, барномаи Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбакистон аз намоиши аккосии "Тоҷикистони муосир", намоиши "Китобҳои Тоҷикистон" намоиши ду филми пурраи Носир Саидов "Қиёми рӯз" ва "Муаллим" намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии устодони санъати тоҷик иборат аст.

Дар барномаи консертӣ дар шаҳри Тошкент ҳунарнамоии устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик ба мисли  Давлатманд Холов,  Афзалшо Шодиев, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова,  Шарофат Усмонова, Амирҷон Рӯзиев,Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло,Дилноза Каримова,  ДамирбекОлимов дар назар аст.

Санъати рақси миллии тоҷикро дар Узбакистон Ансамбли овозадори рақсии "Зебо" муаррифӣ хоҳад кард.

Бино бар иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Узбакистон таҳкими равоти ду кишвар аст.

Лентаи хабарҳо
0