Марде дар Панҷиканд ҳамсарашро ҳангоми хобаш кушт

© APЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мард аз ҳиссиёти рашк, бо истифода аз арғамчин ҳангоми хоб будани ҳамсараш вайро буғӣ карда куштааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки марди 45-солае дар шаҳри Панҷиканд дар куштори  ҳамсараш муттаҳам мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда аз рашки зиёд ҳамсарашро ҳангоми хобаш соати 00:45 дақиқа буғӣ карда куштааст.

Гуфта мешавад, муттаҳам шаби 18-ум ба 19-уми сентябр, тахминан соати 00:45-дақиқа ҳамсараш- зани 43-соларо  бо истифода аз арғамчин  буғӣ кардаааст. Дар натиҷа зан ба ҳалокат мерсад.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0