Шавкат Мирзиёев ба авзоъи Осиёи Марказӣ таъсири мусбат дорад: коршинос

© AP / Anvar IlyasovПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев, архивное фото
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари шӯъбаи Осиёи Марказии Донишкадаи кишварҳои ИДМ Адрей Грозин бар ин аст, ки дар айни замон муносибатҳои байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли тағйирёбӣ аст

ДУШАНБЕ, 18 сен— Sputnik. Грозин бовар дорад, ки пайдошавии Шавкат Мирзиёев дар арсаи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ ба муносиботи кишварҳои ҳамсоя таъсири мусбат дорад.

"Ба назари ман пас аз ивазшавии раҳбарияти Узбакистон, дар Осиёи Марказӣ муносиботи байнидавлатӣ дар ҳоли тағйирёбист. Дар тӯли ин сол Тошканд дар ҳамаи соҳаҳо фаъолияти худро нишон дод. Сарфи назар аз он, ки сатҳи фазои муноқишавӣ ҳамоно дар минтақа баланд аст,  нишонаҳои сиҳатшавӣ (дар муносиботи байни давлатҳои ОМ — шарҳ аз идора) баръало намоён аст", — гуфт Грозин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев - Sputnik Тоҷикистон
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев

Ба гуфти ӯ сафари Мирзиёев ба Бишкек ва имзои қарордод дар бораи тақсимоти марз худ нишонаи рӯшани гуфтаҳои болост.

"Агар ду соли пешро бо ин замон муқоиса кунем, фарқият аз замин то осмон аст. Шиддате, ки  солҳои пеш Узбакистон нисбати кишварҳои ҳамсоя дошт, ба далели мавқеъи фаъоли Шавкат Мирзиёев коҳиш ёфтааст. Ӯ кӯшиш дорад ҳатто бо ҳамсояҳои мушкиле  чун Бишкеку Душанбе муносиботи хубро ба роҳ монад", — хулоса кард коршинос.

Лентаи хабарҳо
0