Раисҷумҳур сухангӯи нави худро таъйин кард: расонаҳо

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов сарсухангӯи хадамоти расонаии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен— Sputnik. Ӯ дар ин вазифа Асад Хоҷаевро, ки моҳе пеш аз вазифа барканор шуда буд, иваз кард.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, раҳбари хадамоти матбуотии Шавкат Мирзиёев — Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов таъин шудааст.

"Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов раҳбари хадамоти матбуотии раисқумҳури Узбакистон таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Асад Хоҷаевро, ки моҳе пеш аз вазифа озод шуд, иваз кард", — хабар медиҳад нашриёт бо такя ба манбаъ дар ҳукумат.

Ҳоҷиматов солҳои 2013-2014 вазифаи вазири фарҳанг ва варзиши Узбакистонро бар дӯш дошт. Пештар низ дждар симати муовини раиси Кумитаи телевизиони Узбакистон фаъолият кардааст.

Лентаи хабарҳо
0