ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар кори Иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ аз Туркманистон ба Амрико сафар кард.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ширкат дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои Осиёӣ бо кишвардорони Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Покистон ддиор ва мулоқот кард.