Кӯдаке ба ҷангал рафту ганҷинаеро бо тангаҳои тиллоӣ ёфт

© Sputnik / Шкурин / Гузариш ба медиабонкЗолотые монеты и старинные украшения из серебра
Золотые монеты и старинные украшения из серебра - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо кӯдаке, ки ҳамроҳи волидонаш ба ҷангал рафта буд, ҳодисае ғайриоддӣ рух дод

ДУШАНБЕ, 18 сен- Sputnik. Кӯдаки шашсола дар вазъияти ғайриоддӣ ганҷинаеро бо тангаҳои тиллои асри 13 дарёфт кард.

Ҳодиса дар вилояти Омур ба вуқӯъ пайваст. Ба гузориши Sputnik Молдова, писарбачае ҳамроҳи волидонаш барои истироҳат ба ҷангал рафт. Дар роҳи ба сӯи ҷангал кӯдак хост ҳоҷати қазо кунад.

Падараш ба ӯ белчае дода насиҳат кардааст, ки барои пинҳон кардани ахлот чоҳе канаду пасон болояшро пӯшонад. 

"Ман бо шӯхӣ ба ӯ белчаро додаму гуфтам, пас аз тамом кардан болои чоҳро пӯшон", — нақл кард падар.

Писарбача аз рӯи маслиҳати падар амал кард. Замоне, ки падару модараш ҷоеро барои истироҳат ороста мекарданд, писарбача чоҳро кофту дар дохилаш матоъеро пайдо кард. Бо ду се ҳаракати дигари бел пас аз матоъ тангаҳои тиллоӣ ҳам намудор шуданд.

Ӯ волидонашро ҷеғ зад. Падару модар дарк карданд, ки писарашон ганҷинаеро ёфтааст. Сипас онҳо ба мутахассисон муроҷиат карданд. Кормандони осорхонаи таърихӣ пас аз омӯхтани тангаҳо ба хулоса омаданд, ки онҳо ба асри 13 тааллуқ доранд. 

Барои ин бозёфт кӯдаки шашсола бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ ба миқдори 500 ҳазор рубл сарфароз шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0