ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино ба гузориши созмони ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз, 18 сентябр дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар бархе аз ноҳияҳо борон меборад.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда дар баъзе ноҳияҳо борон меборад.
Тибқи додаҳои манбаъ, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 22 то 27 дараҷа ва дар шарқи он аз 9 то 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво аз 30 то 35 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорати ҳаво аз 28 то 33 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешаваду борон меборад. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 10-15 ва рӯзона ба 30-35 дараҷа мерасад.
Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 12-14 ва рӯзона 33-35 дараҷаро ташкил хоҳад дод.