ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гузориши дафтари расонаии Вазорати молияи ҶТ, ин санад дар поёни музокироти ниҳодҳои молии Тоҷикистон ва Урдун имзо шудааст.
Ҳайъати тоҷикӣ ба раҳбарии Бурҳон Назаров, мудири Идораи кулли сиёсати молиётӣ ва пардохтҳои ВМ ҶТ ва ҳайъати урдунӣ ба раҳбарии Валид Абдукарим, раиси Идораи ҳуқуқии Вазорати молияи Урдун, ҳама бандҳои ин созишномаро ҳамоҳанг карда ва раҳбарони ҳайъатҳо пешнависи онро имзо кардаанд.
Ин санад заминаро барои густариши равобити иқтисодиву тиҷорӣ миёни ду кишвар фароҳам меоварад ва раванди иҷрои тарҳҳои дуҷонибаро беҳбуд мебахшад.