ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Кормандони нерӯҳои интизомии шаҳри Душанбе дар паи баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ аз зане беш аз як килуграм зевару сангҳои гаронбаҳоро кашф ва мусодира кардаанд.
Бино ба гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилаи ҶТ, ин зан, ки 51-сола буда ва дар дар кӯчаи Ҷаббор Расулов зиндагӣ мекарда, ба иттиҳоми муомилаи ғайриқонунии филиззу сангҳои гаронбаҳо дастгир шудааст.
Бозҷӯёни милиса аз анбони ин муттаҳам 2 занҷира, 4 сикка, 7 овеза, 1 тавқ, 4 ангуштарӣ, 2 мӯҳра, 1 сӯзанак, 5 санги гаронбаҳои гуногунрангро ёфтаву мусодира кардаанд, ки вазни куллиашон 1057 граму 73 милиграм будааст.
Милиса барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз кардаву бозрасиро идома медиҳад.