ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik.Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Вазири корҳои исломӣ, даъват ва роҳнамоии мамлакат шайх Солеҳ ибни Абдулазиз оли Шайх мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвари дӯст доир ба робитаҳои динӣ, тарғиби исломи муътадилу васатӣ, пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва муқовимат ба фаъолиятҳои террористӣ баррасӣ шуд.
Ҳарду ҷониб омодагии устувор ва ҳавасмандии худро доир ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои матлуб таъкид доштанд.