Дар Хуҷанд хона ба хона гашта ҷавононро ба артиш даъват мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевНе дождавшись приезда милиции, Шоире пришлось самой открыть дверь преступнику.
Не дождавшись приезда милиции, Шоире пришлось самой открыть дверь преступнику. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоло дар доираи маъракаи тақсими даъватнома гурӯҳи махсус дар хонаҳо ба корҳои фаҳмонидадиҳӣ пардохтаанд

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Кормандони Комиссириати ҳарбӣ дар Хуҷанд хона ба хона гашта ҷавононро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват мекунанд. Дар ин бора хабаргузории СМ-1 иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд тасмим дорад дар гусели нахустин 100 ҷавони ин шаҳрро ба ҳарбӣ сафарбар кунад.

Ҳоло дар доираи маъракаи тақсими даъватнома гурӯҳи махсус дар хонаҳо ба корҳои фаҳмонидадиҳӣ пардохтаанд. Аз оғози моҳи сентябр то ба имрӯз ба дасти беш аз 400 нафар ҷавонони шаҳр даъватнома расидааст.

Алишер Ӯрунов, сардори зершӯъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд гуфтааст,  бояд ҷавонон баъди гирифтани даъватнома бетаваҷҷӯҳ набошанд.

"Ҷавононе, ки шахсан худашон ба даъватнома имзо гузоштанд ҳуқуқи саркашӣ аз хизмати ҳарбиро надоранд. Дар ҳолати саркашӣ мо мавод омода карда ба прокуратураи ҳарбӣ мефиристем ва нисбати ҷавон парвандаи ҷиноӣ боз мешавад",- афзудааст ӯ.

Ёдовар мешавем, бино бар фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, низомиёне, ки муҳлати муқарраршудаи хидмати низомиро то моҳи апрел ё майи имсол ба поён мерасонанд, рухсат шуда, ба ҷойи онҳо ҷавонони солҳои таваллуди 1990 – 1999 барои анҷоми хидмати вазифа даъват карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0