ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Боиси зикр аст, ки дар ҷашнвораи мазкур аз Тоҷикистон ду филм "Коса" ва "Духтари Сайҳун", ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия гардидаанд, дар радифи 30 филми дигар аз Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои дунё, ки бо забони форсӣ-тоҷикӣ (дарӣ) ба навор гирифта шудаанд, иштирок карданд.
Мавзўи филмҳои фестивал ин мушкилоти кўдакону наврасон, муҳоҷират ва ҷангу сулҳ, масоили гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд.
Мавзўи асосии филми "Коса" масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд аст. Филми мазкур соли гузашта дар фестивалҳои синамоӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Лондони Бритониёи Кабир низ иштирок карда, санаъти синамои тоҷикро муаррифӣ карда буд.