Шумораи занони вазифадор дар Тоҷикистон афзудааст

Обуна шудан
Солҳои охир ҷинси латиф дар Тоҷикистон чӣ дар бахши сиёсӣ ва чӣ иқтисод фаъол шудааст. Тибқи омори соли гузашта занони тоҷик дар парлумон 17,5 дарсади вазифадоронро ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 15 сен— Sputnik. Дар парлумони Русия ҳузури занон то ҳол қаноаткунанда нест. Ин нуктаро муовини сарвазир — Олга Голодетс  дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсозии назди ҳукумати ин кишвар иброз доштааст.

"Масалан Русия аз рӯи нишондоди ҳузури занҳо дар парлумон миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 100-ум қарор гирифтаааст. Дар Думаи давлатӣ — 15%, дар Шӯрои Федеросюн — 17%. Дар ҳукумат — 10 дарсади вазифадоронро занон ташкил медиҳанд", — гуфт ноиби сарвазири Русия.

РИА Новости аз қавли ноиби сарвазир менависад, ки дар ин росто Русия нафақат аз кишварҳои пешқадаме чун Бритониё, Нидерланд, Олмон ақиб мондааст, балки давлатҳое чун Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳам аз Русия пеш гузаштааст.

Бояд гуфт, ки солҳои охир дар Тоҷикистон чӣ дар бахши сиёсӣ ва чӣ иқтисод ҳузури занон бештар шудааст.

Айни замон аз 63 курсӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 11-тои он дар ихтиёри занҳо аст. Дар Маҷлиси миллӣ бошад, 7 нафар аз ҷинсҳои латиф намояндагӣ мекунанд.

© Sputnik / Victoria LyubavinaЗанони Тоҷикистон: роҳи пурзаҳмат ба сӯи муваффақият
Занони Тоҷикистон: роҳи пурзаҳмат ба сӯи муваффақият - Sputnik Тоҷикистон
Занони Тоҷикистон: роҳи пурзаҳмат ба сӯи муваффақият
Лентаи хабарҳо
0