Коршинос: Э. Раҳмон барои баррасии масоили минтақавӣ вақт надорад

© Sputnik / Григорий Сысоев /POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите лидеров БРИКС
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на саммите лидеров БРИКС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Профессори МГУ Андрей Манойло бар ин аст, ки Тоҷикистон айни замон бо мубориза бо терруризму экстремизм ва "гармкунии" муносибот бо Эрон машғул аст

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Кишвардорони Осиёи Марказӣ вақтҳои охир бо сафарҳои корӣ ба давлатҳои ҳам сафар мекунанд. Чанде пеш Шавкат Мирзиёев аз Қирғизистон боздид карду ба наздикӣ Нурсултон Назарбоев ба Узбакистон меояд.

Доктори илмҳои сиёсӣ, профессори МГУ Андрей Манойло вохӯриҳои пай дар пайи кишвардорони Осиёи Марказиро ба бад шудани авзоъи амниятии минтақа вобаста медонад.

Вале Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидорҳо ширкат намекунад.

"Ман фикр мекунам, ки ин мавқеъи кунунии Эмомалӣ Раҳмонро мефаҳмонад. Тоҷикистон мушкилоти сиёсии худро дорад. Ва бар болои ин таҳдиди теруризм ва конфликт бо Эрон зам шуд. Бармеояд, ки масъалаи Эрон дар навбати аввал аст. Барои ҳамин Раҳмон ба таври элементарӣ машғул ҳаст ва барои баррасии масъалаҳои умумиминтақавӣ вақт надорад", — гуфт Манойло дар суҳбат бо Sputnik Узбакистон.

Лентаи хабарҳо
0