ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раиси Комиссияи сиёсати муҳоҷиратии Ҳукумати Маскав ва роҳбари тарҳи "90180.ru" Александр Калинин бо мақсади кӯмак ба ширинкорони тоҷик ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст.
Калинин аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш мекунад, ки сарвари тоҷикон ба Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон барои ширкат дар давраи нимниҳоии Лигаи марказии Маскав ёрии молӣ расонад.
"Гуруӯҳи тоҷикии КВН истеъдоди фавқуллода дорад. Барои рушди даста кӯмак кунед. Тарҳи КВН бисёр муваффақ аст ва касоне, ки дар саҳнаҳои он баромад мекунанд, ҳатман ситора мешаванд",- мегӯяд Калинин ба Эмомалӣ Раҳмон.
Муроҷиати Александр Калининро дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд ҳазор корбарон тамошо кардаанд.
Ёдовар мешавем, 22-уми сентябр Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон бояд дар давраи нимниҳоии Лигаи марказии Маскав ва ноҳияҳои Маскав ширкат кунад. Аммо даста барои сафар маблағ надорад. Ҳамагӣ чанд рӯз мондааст, ки барои ширкат 15 ҳазор дулор ҷамъ оваранд.
Пештар роҳбари дастаи КВН Хайрулло Мирсаидов ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳоло ба онҳо як тоҷики муқими Русмия- 1000 дулор кӯмак кардааст. Аммо, мутаассиффона он кофӣ нест. Ширкатҳои бузурги Тоҷикистон аз кӯмак ба ин даста даст кашидаанд.