ВУД дар бораи ҷарима шудани пиразани талбанда: ҳамаи кормандони милиса “тиллоӣ” нестанд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкНищенка
Нищенка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар далели ҷарима шудани пиразани талбанда аз тарфаи милиса пайдо шуд, мо он кормандро ба ҷазои ҷиноятӣ мекашем ё аз вазифа озод мекунем

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Рӯзи гузашта расонаҳои Тоҷикистон дар такя ба манобеи худ, иттилоъ доданд, ки дар пойтахт милисаҳои тоҷик як пиразани нотавонро барои талбандагӣ дар наздикии Сирки Душанбе 40-сомонӣ ҷарима кардаанд.

Sputnik Тоҷикистон шарҳи ин маълумотро аз сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ пуросон шуд.

Бино бар гуфтаи сухангӯи ВУД, пас аз пайдо шудани ин хабар ин ниҳод ин маълумотро баррасӣ кард.

Аммо, афзуд, Умарҷони Эмомалӣ манбае, ки ин гузоришро омоада кардааст, бояд ақалан номи он пиразанро муайян мекард, то барои тафтишоти мо далеле шавад.

Ба саволи он ки оё дар ВУД ин гуна ҳодисаҳо-  ҷарима шудани талбанда пештар ҳам назорат мешуд, гуфт, ҷарима кардани талбанда амали ғайриқонунист. 

"Агар милисае талбандаеро ҷарима кунад, амалии вай — нақзи қонун аст. Бояд байни талбандаҳо, ки асосан дар Душанбе ҷӯгиҳо ҳастанд,  корҳои фаҳмондадиҳӣ бурд.

Ба суоли он ки дар ҳолати муайян шудани ҷаримабандии талбанда аз тарафи милиса ВУД чӣ ҷораҷӯӣ мекунад?

Умарҷони Эмомалӣ гуфт: мо намегӯем, ки ҳамаи кормандони мо "тиллоиянд". Агар далели ҷарима шудани пиразани талбанда аз тарфаи милиса пайдо шуд, мо он кормандро ба ҷазои ҷиноятӣ мекашем ё аз вазифа озод мекунем.

Лентаи хабарҳо
0