ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, духтари ҷавонеро бо иттиҳоми даллагӣ дастгир кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, ин духтар 18-сол дорад ва сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аст.
ВУД меафзояд, номбурда рӯзи гузашта дар кӯчаи Аҳмади Дониш духтари ҷавони дигареро бо марди 39-солаи пойтахт барои муносибатҳои маҳрамона шинос карда, аз онҳо 50-дулори амрикоӣ мегирад.
Бо далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.