Чанде пеш муҷрии Русия Ксения Собчак дар раддабадалии лафзии шӯхиомез Уван Ургантро "бомже аз Тоҷикистон" номид. Гуфтаҳои Собчакро муҷрии машҳури тоҷик, ки шахсан бо Иван Ургант шинос аст, интиқод кард.
Ба гуфтаи Мубориз Усмонов, ҳар фарде, ки ватани худро дӯст медорад, ин шӯхии Собчакро қабул ккарда наметавонад.
Мубориз Усмонов о словах Собчак о таджиках: это очень обидно
"Аввалаш ин ки гуфтаҳои вай аламовар аст ва дувумаш асос надоранд. Ман фикр мекунам, ки ин як шӯхии аҳмақонае буд",- гуфт ба Sputnik Тоҷикистон Мубориз Усмонов.
Пеш аз ин гуфтаҳои Собчакро коршиноси тоҷик Абдулло Давлатов рекламаи вай номида буд.