Абдулло Давлатов: вокуниш ба гуфтаҳои Собчак, рекламаи вай мешавад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкАбдулло Давлатов, архивное фото
Абдулло Давлатов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Ранҷидани тоҷикон аз ин ду суханони як муҷрӣ- маънои эҳтиром накардани худро дорад”,- мегӯяд Абдулло Давлатов

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Гуфтаҳои муҷрии Русия Ксения Собчак, ки ҳамкорашро бомже аз Тоҷикистон номид, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёде дар пай овард.

Аз ин лиҳоз назари коршиноси тоҷик, собиқ роҳбари тоҷикистониёни Русия Абдулло Давлатовро пурсон шудем.

Дуктур Абдулло Давлатов дар мусоҳиба бо мо чанд нуқтаи назарро  баён кард.

Ба гуфтаи вай, гуфтаҳои Ксения Собчак то ҷое асос дорад. Зеро гурезаҳои ҷӯгие, ки баъди солҳои 90-уми аз Тоҷикистон ба Русия омданд, худро тоҷик гуфта муаррифӣ карданд. Барои ҳамин номи тоҷик дар Русия "машҳур" шудааст, гуфт вай.

Ровии барномаи Имшаб Мубориз Усмонов - Sputnik Тоҷикистон
Мубориз Усмонов ва Иван Ургант вохӯрӣ кард

 Аммо ба фикри Абдулло Давлатов, "бомжи тоҷик" — маънои  таҳқири як миллатро надорад. Ҳама миллат бомж доранд ва русҳо аз ин калима нисбати миллати худ ҳам истифода мебаранд",- гуфт вай.

Дуктур афзуд як сухани муҷриеро набояд "сахт ба дил гирифт".  Ба фикри вай, агар шахс дар худ нуқсе эҳсос накунад, ба ин гуфтаҳо аҳамият намедиҳад.

"Мо аз ҳар як гуфтаҳои ким кадом муҷрӣ ранҷидан гирем чӣ мешавад. На бояд ҳама гапро қабул кард. Агар мо миллати ноқис мешудем, ранҷидани мо асоснок мешуд",- мегӯяд Абдулло Давлатов.

Баръакас ба ин гуфтаҳо аҳамият надода, дар фикри ислоҳи камбудии худ шуд, афзуд вай.

Абдулло Давлатов ҳамчунин илова кард, мақсади Ксения Собчак "реклама" кардани худ аст, ки номи вай дубора вирди забонҳо гардад.

"Вокуниш нишон додан ба гуфтаҳои Ксения Собчак- маънои реклама кардани вайро дорад, ки ман ҳеҷ гоҳ ин корро намекунам",- афзуд Абдулло Давлтов.

Лентаи хабарҳо
0