Бо рақсу суруд: Дар Душанбе мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мешавад

© SputnikСкачки в Душанбе, архивное фото
Скачки в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бегоҳии 16-уми сентябр дар "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар Душанбе бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мешавад. Дар ин бора як қарор шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Тавре равобити умуми Ҳукумати шаҳр иттилоъ медиҳад, мусобиқа 16-уми сентябри соли равон, соати 16:00 дар "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, ба ин сабқат беҳтарин аспсаворон ҷалб карда мешаванд.

"Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе барои таъмини асбобҳои пахши садо ва ташкили барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони беҳтарин дар ҷойи баргузории мусобиқаи зикргардида тадбирҳои мушаххас андешад",- омадааст дар қарори шаҳрдори Душанбе.

Аз ҳисоби буҷаи шаҳр барои ин мусобиқа 51 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0