ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар нуқтаҳои фуруӯши сӯзишвории Душанбе гази моеъ ба 3,8 сомонӣ фурӯхта мешавад. Пештар мизоҷон барои 1 литр газ 3,5 сомонӣ пардохт мекарданд. Ҳамин тавр, нархи гази моеъ 10 фисад гарон шудааст.
Воридкунандагон гуфтаанд, далели гарон шудани гази моеъ, боло рафтани нархи он дар Қазоқистон аст, ки аз он ҷо ба Тоҷикистон ворид мешавад.
Охирҳои соли гузашта нархи гази моеъ дар Тоҷикистон арзон шуда, 1 литри он ба 2,8 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Тибқи иттилои Вазорати иқтисод ва рушди Тоҷикистон, дар Тоҷикистон наздики 60 фисади нақлиёти кишвар аз гази моеъ истифода мебаранд.