ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд нахустин ҷашнвораи байналмилалии "Шашмақом" баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷашнвора аз 20-23 сентябри соли равон баргузор карда мешавад.
"Ҷашнвора бо мақсади гиромидошти мероси мусиқии миллии тоҷикон шашмақом ва рушду тарғиби ин санъати воло бо ташаббуси Академияи мақоми Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳри Конибодом ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Барои иштирок дар фестивал гурӯҳҳои шашмақомсарои Тоҷикистон ва Узбакистон даъват шудаанд.
Дар доираи фестивал Ҳамоиши байналмилалии олимон ва ҳунармандони санъати шашмақом дар мавзуи "Инкишофи санъати шашмақом дар давраи Истиқлолият" доир мегардад.