Наздики 114 ҳазор нафарро ҳукумати маҳаллӣ ба истиқоматгоҳҳои муваққатӣ кӯчонид. Дар умум бояд 6,3 милюн кас ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд.
Бино ба пегӯии ҳукумат эҳтимол аст, ки наздики 30 милюн кас аз тундбод зарар бинад.
Тундбоди "Ирма"-ро дар таи даҳ соли охир бузургтарин ва хатарноктарин тундбод дар уқёнуси Атлантика меноманд.