ДУШАНБЕ, 12 сен— Sputnik. Дар консулгарии Тоҷикистон дар Маскав дуздӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора манобеи Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Қайд мешавад, ки шахси номаълум ҳамроҳи гурӯҳе аз меҳмонон ба сохтмони консулгарии Тоҷикистон дар Маскав ворид шуда, дуздӣ кард.
Дар натиҷа ин шахси номаълум ашёҳои чанде аз меҳмононеро, ки дар дохили консулгарӣ навбат истода буданд, рабуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав ин хабарро тафтиш дорад. Ҷинояткор то ҳол дастгир нашудааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки консулгарии Тоҷикистон дар Маскав дар кӯчаи Скатерский переулок, хонаи 19 воқеъ аст.