Назарзода сардори раёсати ақибгоҳро ба ҷавобгарӣ кашид

© Sputnik / Амир ИсаевРустам Назарзода, архивное фото
Рустам Назарзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коллегияи КҲФ барои камбудиҳо дар фаъолиятҳои фавриву хидматӣ зумрае аз роҳбарони раёсату шуъбаҳоро ҳушдор дод ва сардори раёсати ақибгоҳро ба ҷавобгарии интизомӣ кашид

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ба гузориши сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон Умеда Юсупова, Коллегияи кумита рӯзи 11 сенбяр баргузор шудааст.

Рустам Назарзода барои камбудиҳо дар фаъолиятҳои фавриву хидматӣ зумрае аз роҳбарони раёсату шуъбаҳоро ҳушдор дод ва сардори Раёсати ақибгоҳро ба ҷавобгарии интизомӣ кашидааст.

Сарвари кумита аз зертобеъон риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва хидматӣ, ҳамчунин баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманди Кумита дар иҷрои вазифаҳо ва масъулиятҳои амалкардро талаб кардааст.

Ҷаласа масъалаҳои омодагии воҳидҳо ва қисмҳои ҳарбии Кумита ба давраи тирамоҳиву зимистонӣ, натиҷаҳои фаъолиятҳои Раёсати ақибгоҳи Кумитаро ҳам баррасӣ кардааст.

Коллегия бо қарори худ барои камбудиҳо дар фаъолиятҳои оперативӣ-хидматӣ сардори Раёсати ақибгоҳи КҲФ-ро ба ҷавобгарии интизомӣ кашид, ба як қатор роҳбарон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муҳлатҳои мушаххас додааст.

Лентаи хабарҳо
0