ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи тафтишотии Маскав, 12-уми сентябр, дар қисми ҷанубиву шарқии пойтахти Русия як зани тоҷикро 7 маротиба корд зада, ба ҳалокат расониданд. Ҷасади ин занро дар назди яке аз биноҳои истиқоматӣ пайдо карданд.
"Бино бар маълумоти тафтишот, пагоҳии 12-уми сентябр дар кӯчаи Краснодарская, дар наздики хонаи истиқоматӣ ҷисми духтари 23-солаи тоҷик пайдо шудааст. Маълум гардидааст, ки зан пас аз бардоштани ҷароҳати вазнин вафот кардаст",- омадааст дар иттилои кумитаи тафтишот.
Гуфта мешавад, шаҳрванди дигари Тоҷикиастон ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноят ҷустуҷӯ мешавад.