Қиссаи Путин ва Шойгу: як хонаводаи тоҷик чанд сиёсатмадори русро меғунҷонад?

© SputnikРахмон Джураев с внуками
Рахмон Джураев с внуками - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Путин ва Шойгуи хурдакак, ки дар хонаводаи тоҷик ба воя мерсанд аллакай кайҳо расонаӣ гаштаанд. Аммо дигар иқдомҳои бобояшон Раҳмон Ҷӯраев аҷиб аст: агар дар хонадон духтарчаи дигар таваллуд шавад, номашро ба Валентина Матвиенко мебахшад, агар дубора оила барпо кунаду фарзанддор шавад, номашро Эмомалӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Раҳмон Ҷӯраев- сокини тоҷиктабори Маскав, бобои Путин ва Шойгуи хурдакак ба Sputnik Тоҷикистон нақл кард, ки атрофиён ба номҳои наберагонаш чӣ гуна муносибат мекунанд ва кадоме аз ному насаби сиёсатмадорони Русияро барои набераҳои ояндааш "аз они худ кардааст".

Хонаводаи Ҷӯраевҳо дар наздикии шаҳри Александрови вилояти Владимирови Русия зиндагӣ мекунанд. Хонавода ҳоло ба сохту сози манзилашон дасту остин бар задаанду Путин ва Шойгу ба бозиҳои кӯдаконаи худ овораанд.

Раҳмон Ҷӯраев- бобои хушбахти  Путин ва Шойгуи тоҷик, чанд моҳе пеш ба  Sputnik Тоҷикистон дар бораи он ки чӣ гуна номи набераи дигарашро ба вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу бахшидааст, нақл карда буд ваакнун аз нақшаҳои ояндааш гуфт.

Кӯдак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Минбаъд Путин дар вилояти Владимирова зиндагӣ мекунад

Дар ҳақиқат Ҷӯраев сиёсати Русияро эҳтиром мекардааст: вай ҳуҷраи алоҳидаеро дар манзилаш музей кардааст: дар деворҳо аксҳои Путин, Шойгу, Сергей Собянин, раиси Чеченистон Рамазон Қодиров ва  раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон овезон аст.

Ҷӯраев мегӯяд, номи наберагонаш на танҳо дар Русия, балки барои тоҷикистониён низ аҷиб гаштааст.

"Соли гузашта наберагонам бо модарашон ба Тоҷикистон рафта буданд. Аз фурудгоҳ сар карда, аз номи ин ду кӯдак пурусу ҷӯй карданд. Ба ҳама аҷиб буд, ки ин ду кӯдак- яке Путин ва дигаре Шойгу ном доранд",- нақл мекунад вай.

Ба гуфтаи Раҳмон Ҷӯраев, бо шунавидани он ки дар деҳа кӯдаке бо номи Путин ва Шойгу зиндагӣ мекунад, одамони зиёд меоянд ва онҳоро дида мераванд.

Ба гуфтаи бобо, ин номҳо на танҳо ба наберагон мушкилӣ эҷод намекунанд, балки дар оянда онҳо хушбахтӣ ва омад меорад. Ҷӯраев боварӣ дорад, ки наберааш Путин ҳатман рӯзе бо раисҷумҳури Русия шинос мешавад.

Ба саволи он ки набераи навбатиашро чӣ ном хоҳад дод, ба боварӣ мегӯяд, Собянин ном мениҳам.

"Бинед, Маскав чӣ гуна тағйир ёфтааст. Ин ҳама пас аз шаҳрдории вай шуд. Ман вайро хело эҳтиром мекунам",- нақл мекунад вай.

Аз ҳама шавқовараш он, ки вай мегӯяд, агар арӯси хонадонашон духтар таваллуд кунад, номашро ба раиси Шурои Русия Валентина Матвиенко мебахшад.

© SputnikВнуки Рахмона Джураева
Внуки Рахмона Джураева - Sputnik Тоҷикистон
Внуки Рахмона Джураева
Раҳмон Ҷӯраев нақшаҳои зиёд дорад, мехоҳад дар хонааш чойхонае бунёд кунаду аз маҳсулоти дар полтизи худаш рӯёнида барои тоҷикон хӯрок омода кунад. Аммо ҳамон як орзуи ин бобо то ҳол ҷомаи амал напӯшидааст:

"То ҳол ният дорам, ки агар дубора хонадор шудам ва писардор шудам номашро Эмомалӣ мемонам",- мегӯяд вай.

Ёдовар мешавем, ки пештар Раҳмон Ҷӯраев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикикистон гуфта буд, "мехоҳам хонадор шавам ва агар писардор шудам- номашро Эмомалӣ мемонам ва ҳамин тавр, фарзандам Эмомалӣ Раҳмон мешавад".

Пас, суоли аҷиби ба миён меояд. Дар як хонаводаи тоҷик чанд сиёсатмадор меғунҷида бошад?

Лентаи хабарҳо
0